Як муроҷиати Раҳмон ба мардон дар Рӯзи занон: ба хушунат роҳ надиҳед
Президенти Тоҷикистон ба мардони кишвар муроҷиат карда гуфт, ки сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошем, ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳанд.Ӯ ин нуктаро зимни табрики бонувони кишвар ба идашон изҳор дошт, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.Эмомалӣ Раҳмон тавсия додааст, ки барои фарзандони худ ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии ояндаи хеш азоб накашанд."Мо — мардон, ки зодаву парваридаи модар ҳастем, вазифадорем, ки эҳтироми Зан — Модарро нафақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳамеша ва тамоми умр ба ҷо оварем, ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ ва хизмат кунем ва кӯшиш намоем, ки ба ризоият ва дуои неки онҳо сазовор шавем«, — афзудааст ӯ.Президент дар робита ба мушкилоти сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ба занон, ки сарриштаи зиндагиву рӯзгори ҳар як оилаанд ишора карда, онҳоро ба сарфакорӣ даъват кардааст.Вай ба бебориш омадани тирамоҳи гузашта ва зимистони имсоларо таъкид карда, гуфтааст, ки занон дар сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ пешсафу намуна бошанд."Мо набояд ношукрӣ кунем, баръакс, доим дар фикри аҳли оилаву фарзандонамон ва захираи на кам аз дусолаи маводи ғизоӣ барои хонадони худ бошем«, — афзудааст президент.Бо дарназардошти нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар раисҷумҳур гуфтааст, ки ҳукумат масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.Кишвардор фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳарчи бештар инкишоф додани қобилияти занону бонувон ва духтарон дар ҳамаи соҳаҳоро вазифаи асосӣ медонад.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)