Эълони оғози Рамазон, нисоби закот ва фидяи савм дар Тоҷикистон

Эълони оғози Рамазон, нисоби закот ва фидяи савм дар Тоҷикистон
Раёсати Шурои уламои Тоҷикистон нисоби закотро 35275 сомонӣ муқаррар кардаст, ки аз ин 880 сомонӣ закот муқаррар гардидаст.Дар ин бора Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба Шӯрои уламои кишвар иттилоъ додаст. Манбаъ афзуд, ки Рамазон дар кишвар 11-уми март оғоз меёбад.Тақвими мазкур аз тарафи Раёсати Шурои уламо ва дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар тасдиқ шудааст.Дар ин баробар фидяи савм барои нафарони дорандаи узри шаръӣ ва беморон барои як рӯз 14 сомонӣ ва барои 30 рӯз 420 сомонӣ таъйин шуда, фитри рӯза 7 сомонӣ ҳисоб шудаст.Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий