Роҳбарияти Хатлон хостори таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои Ӯзбекистон шуд

Роҳбарияти Хатлон хостори таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои Ӯзбекистон шуд
Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар равобит бо кишвари ҳамсоя медонад.Ин нуктаро муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода дар мулоқот бо як гурӯҳ соҳибкорону сармоягузорони Ӯзбекистон баён дошт.Аз ҷониби Ӯзбекистон масъулини ширкатҳои «Ӯзтекстилпром», «Денов текстил кластер», «Бунёдкор кластер» ва котиби якуми сафорати кишвари ҳамсоя иштирок кардаанд.Таъкид шуд, ик ҳоло вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ӯзбекистон муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва Мирзозода тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои кишвари ҳамсояро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гуфт."Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем«, — гуфт ӯ.Зикр гардид, ки роҳбарияти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад.Муовини директори „Ӯзтекстилпром“, зимни мулоқот гуфт, ки ҳадафи онҳо таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пахта ва матоъ мебошад.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноатии ду кишвар фаъол сохта, нақшаҳои тарафайнро мувофиқа карда, пешниҳодҳо таҳия кунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо тадбирандешӣ намоянд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий