Вазири маорифи Тоҷикистон фаҳмонд, ки кадом ноболиғон бештар ҷинояткорӣ мекунанд

Вазири маорифи Тоҷикистон фаҳмонд, ки кадом ноболиғон бештар ҷинояткорӣ мекунанд
Қариби 70%-и ноболиғоне дар ҷинояткориҳо дар Тоҷикистон даст доранд, онҳое мебошанд, ки дур аз таҳсилу шуғл мондаанд.Ин нуктаро вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи маориф дар парлумони кишвар баён дошт.Тағйироти мазкур зинаи сеюми таҳсилот ё худ маълумоти миёнаро дар кишвар ҳатмӣ карданд ва вазир муътақид аст, ки он ба суди худи ноболиғон мебошаду ба коҳиши ҷинояткорӣ низ сабаб мешавад."Масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон гирифта мешавад«, — гуфт вазир.Вай далел овард, ки дар Тоҷикистон соли гузашта 474 ҷиноят бо иштироки ноболиғон ба қайдд гирифта шудаанд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо ё худ беш аз 79% онҳое мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.Ҳамакнун дар ҷумҳурӣ баъди қабули тағйирот ба қонун дар бораи маориф аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва имзои раисҷумҳур, таҳсилоти миёна барои ҳамаи тоҷикистониён ҳатмӣ мешавад. То ҳол таҳсили асосӣ то синфи 9 ҳатмӣ буд.Тибқи тағйироти қабулшуда, минбаъд хатми таҳсил пас аз синфи 9 ғайриимкон аст. Хонанда бояд то синфи 11 таҳсил кунад ё ба коллеҷ ё техникум дохил шавад, муқаррар кардааст қонунгузорӣ.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий