Садҳо ҷавон аз Тоҷикистон ба ҷашнвораи байналмилалӣ ба Русия мераванд

Садҳо ҷавон аз Тоҷикистон ба ҷашнвораи байналмилалӣ ба Русия мераванд
Аз Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон, ки дар қаламрави «Сириус» дар Русия доир мешавад, 270 нафар ширкат мекунад.Дар ин бора дар Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Манбаъ афзуд, ки ҷавонон рӯзҳои 28 ва 29 феврал ба сафар хоҳанд баромад. Гуфта мешавад, ки ҷавонони лаёқатманд аз тариқи озмун, ки дар он сабти ном карда буданд интихоб шудаанд.Дархостҳо барои ширкат дар ҷашнвора аз ҷониби ризокорон, дипломатҳои ҷавон, варзишгарон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, санъаткорон ва ғайра пешниҳод шудаанд, ки арзандатаринҳо интихоб шудаанд.Ҷашнвораи байналмилалии ҷавонон бузургтарин чорабинии ин қишри ояндасоз дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки бо фармони раисҷумҳури Русия, Владимир Путин баргузор мешавад.Санаи баргузории ҷашнвора аз 1 то 7 марти соли 2024 дар қаламрави федералии «Сириус» интихоб гардидаст.Баргузоркунандагон мегӯянд, ин ҳамоиши ҷавонон, муколама ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ, сарфи назар аз миллатҳо, ақидаҳои сиёсӣ ва хусусиятҳои фарҳангӣ мебошад. То ҳол теъдоди умумии иштирокдорон беш аз 20 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий