Аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон ва ИИАО - тасвирбаён

Аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон ва ИИАО - тасвирбаён
Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё беш аз 185 млн нафар аҳолӣ дорад, ки дар умум зиёда аз 57%-ашонро аҳолии қобили меҳнат ташкил медиҳанд.Шумори сокинони хурдтар аз синни қобили меҳнат дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёда аз 20% ва теъдоди нафақахӯрон беш аз 22% мебошад.Миёни кишварҳои ИИАО аз ҳама кам шумори нафақахӯрон дар Қирғизистон — камтар аз 9%-и шумораи умумии аҳолӣ ва аз ҳама зиёд дар Русия беш аз 24,5%-и аҳолии умумиро ташкил медиҳад.Мизони бекорӣ дар кишварҳои ИИАО коҳиш ёфтаастТаносуби нафақахӯрон дар Белорус беш аз 23%, Арманистон зиёда аз 16% ва Қазоқистон 11% мебошад.Қирғизистон дар ин иттиҳодия аз рӯи аҳолии аз синни қобили меҳнат хурдтар низ пешсаф мебошад, ки қариби 35%-ро ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур дар Русия — 18,5%, дар Белорус — қариби 18%, дар Арманистон беш аз 21% ва Қазоқистон — 31% аст.Аз ҳама зиёд аҳолии то синни қобили меҳнат дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 66%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад. Синни қобили меҳнат ҳудуди 25% ва теъдоди нафақахӯрон 9%-и шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий