Боздошти як мансабдори баландмақоми Суғд барои сохтакории ҳуҷҷатҳо
Дар мақомоти прокуратураи Суғд алайҳи сардори шуъбаи Агентии хидмати давлатӣ дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Манобеъи огоҳ аз ин қазия мегуянд, мансабдори ин идора ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бинои ошёнадор аз ҳисоби заминҳои ҳудуди мактаби мутаҳидаи ронандагӣ дар шаҳри Хуҷанд гумонбар дониста мешавад."Бо истифода аз ваколати мансабӣ мактуб омода карда, ба таври сохтакорӣ дар он пеши худ имзои раиси шаҳри Хуҷандро гузоштааст« — шарҳ дод манбаъ.Мақомоти прокуратураи Суғд аз рӯи ҳолатҳои „сохтакорӣ, қасди ҷиноят ва ғайриқонунӣ додани замин“ парванда боз кардаад ва таҳқиқи он идома дорад.Вобаста ба ин ҳолатҳо мансабдор санаи 22 декабр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир гардида дар боздоштгоҳи муваққати дар шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.Боздошти мансабдорон ба гумони ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҳолати нав набуда, дар гузошта ҳам чанд мансабдорони баландмақом бо ин ҷурм муҷозот шуда буданд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)