Сегрт дар арафаи сабқат бо Қатар - қаҳрамони Осиё: дӯстиро фаромӯш мекунем
Тими Қатар қавитар аз Чин асту дӯст, аммо дар давоми 90 дақиқа ин дӯстиро фаромӯш кардан лозим меояд, изҳор дошт сармураббии Тоҷикистон, Петр Сегрт.Сегрт зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар бозӣ бо тими Қатар барои имтиёзҳо талош мекунад."Моро бо қаҳрамони феълии Осиё — тими миллии Қатар, ки онро қариб тамоми варзишгоҳ дастгирӣ хоҳад кард, бозии хеле душвор дар пеш аст«, — изҳор дошт сармураббӣ.Вай афзуд, ки мунтахаби Қатар аз тими миллии Чин пурқувваттар аст ва мунтахаби Тоҷикистон ба рақибони худ эҳтиром қоил аст."Мардуми Қатар ба дастаи мо муносибати хуб дорад. Аммо давоми 90 дақиқа ин дӯстиро фаромӯш кардан лозим меояд. Ҳар як даста вазифаҳои худро дорад. Мо мехоҳем, ки натиҷаи мусбӣ ба даст орем ва ҳангома офарем — се ё як холро соҳиб шавем«, — изҳор дошт ӯ.Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қатар бо либосҳои сафед бозӣ мекунад.Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар рӯзи 17 январ дар варзишгоҳи „Ал-Байт"-и Доҳа баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ, соати 19:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.Дар пайи анҷоми бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «А» тими миллии Қатар бо 3 имтиёз пешсаф мебошад, чун ин дастаи мизбонон дар нахустин сабқат тавонист бо ҳисоби 3:0 Лубнонро шикаст диҳад.Дар зимн Тоҷикистон ва Чин бо як имтиёзӣ дар зинаҳои ду ва се қарор дошта, Лубнон бидуни имтиёз дар радаи охири гуруҳ меистад. Дар даври дуюми бозиҳои Осиё-2023 Чин бо Лубнон ва Қатар бо Тоҷикистон рӯзи 17-уми январ зӯрозмоӣ мекунанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)