Идомаи уфти қурби рублу гаронии доллар: бозори арз дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, то 119,5 сомонӣ барои 1000 рубл расид.Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ 121,4 ва дар оғози сол то 123 сомонӣ қимат дошт.Қурби доллар чанд рӯз боз тамоюли болоравиро нишон медиҳад. Ҳамин тавр, як рӯз пеш як долларро метавон ба 10,9620 сомонӣ ва ҳоло 10,9630 сомонӣ харид.Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли поинравӣ пайдо кардааст.Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.9760 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки як рӯз пеш он 12.0450 сомонӣ қимат дошт.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9630 то 11 сомонӣ, 1 евро аз 11.9760 то 12.1 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 119,5 то 120,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)