Лавров: Доллар ба василаи тағйири режим табдил мешавад
Ҳама аз доллар хаста шудаанд, ки он ба як воситаи тағйири режим табдил меёбад.Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар сӯҳбат бо директори генералии МИА «Россия сегодня» Дмитрий Киселев изҳор дошт.Лавров таъкид кард, пули Амрико ба як абзори паст задани мавқеъҳои қонунии рақобатии кишварҳо дар минтақаҳои гуногун ва як абзори дахолат ба корҳои дохилӣ ва тағйири режим шудааст."Ҳоло дигар имкон надорад, ки ҳаракатро ба сӯи низоми одилонатари иқтисодӣ боздорем«, — гуфт вазири Русия.Дар баробари ин, стратегияи Ғарб барои шикасти стратегии Русия ноком шуд, афзуд ӯ.Лавров ҳамчунин аз сафари раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ва раиси Шӯрои Аврупо ба Пекин ёдовар шуд.Фон дер Лейен баъдан дар мусоҳиба изҳор дошт, ки муносибати Аврупо ба Чин аз рафтори Пекин дар Украина вобаста хоҳад буд."Бале, онҳо одат кардаанд, ки бо мустамликаҳои собиқи худ, баъзе кишварҳои миёнаҳаҷм, ки аз ҷиҳати молиявӣ ба Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлатҳои ғарбӣ вобастаанд чунин щарф зананд. Аммо ин тавр сӯҳбат кардан бо як қудрати бузург, бузургтарин иқтисоди ҷаҳон? Бо як кишвари дорои ҳазорсолаҳои зиёд таърих, фарҳанг, анъанаҳо, ихтироъҳо?«, — сухан гуфт Лавров дар бораи одоби мансабдорони муосири Аврупо.Раҳбари вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин дар бораи тағйирот дар самти Украина дар чаҳорчӯби амалиёти вижа изҳори назар кард."Мо ба самти амалисозии ҳадафҳои гузошташуда, ки нозизудоӣ ва ғайринизомисозист, меравем. Аз ин роҳ гурез нест«, — изҳори боварӣ намуд вазир.Дипломат инчунин дар бораи „Формулаи сулҳ"-и раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский ҳарф зада, гуфт, ки ин тимсоли хаёли бемор аст.Ба гуфтаи Лавров, кишварҳои ғарбӣ талош доранд, кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои пайвастан ба ин «Формулаи сулҳ» ҷалб шаванд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)