Тоҷикистону Эрон лоиҳаҳои нави ҳамкориро баррасӣ карданд
16-умин иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон бо нишастҳои коршиноси ду кишвар дар шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон бо ҳадафи густариш равобити иқтисодӣ ва рафъ монеъаҳои тиҷорати байн ду кишвар оғоз шуд.Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо ҷалби сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.Ҳамзамон баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон, ки соли 2024 дар Теҳрон ба нақша гирифта шудааст ва тақвияти ҳамкории Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Тавофуқоти ин комиссия аз сӯи Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Эрон ба унвони раиси эронии комиссияи иқтисодии муштараки Эрон ва Тоҷикистон ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон, ба унвони раиси тоҷикистонии комиссия имзо шуд.Дар солҳои ахир Эрон ва Тоҷикистон равобити дуҷониба худро тавсеа додаанд. Сафарҳои мутақобили раисони ҷумҳури ду кишвар нишондиҳандаи аҳамияти тавсеаи ин равобит барои ҳарду тараф аст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода шуда буд, ки содироти коло аз Эрон ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.Бар асоси омор, дар 7 моҳи соли 2023 аз Эрон ба Тоҷикистон беш аз 159 ҳазор тонна коло содир шудааст.Ҳамин тариқ, ҳаҷми маҳсулоти фурӯхташуда 133 миллион долларро ташкил дод.Дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам беш аз 107 ҳазор тонна ба маблағи 76 миллион доллар баробар буд.Ҳамин тариқ, арзиши содироти Эрон ба Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2023 75% афзоиш ёфтааст.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)