Интихоботи порлумонии Беларус моҳи ноябр баргузор мешавад
Интихоботи навбатии порлумонӣ дар Беларус моҳи ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора раиси ҷумҳур Александр Лукашенко рӯзи 19-уми апрел ҳангоми ироаи паём ба мардум ва порлумон хабар дод.
Интихоботи гузаштаи порлумонӣ дар Беларус тирамоҳи соли 2016 сурат гирифт. Вакилонро дар он кишвар барои чаҳор сол интихоб мекунанд.
Лукашенко гуфт, қарор аст, интихоботи президентӣ дар кишвараш соли 2020 баргузор шавад. Сиёсатшиносон тахмин мезаданд, ки шояд ӯ интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳуриро эълон кунад.
Порлумони Беларус аз ду палата – Маҷлиси Намояндагон ва Шӯрои ҷумҳурӣ иборат аст. Маҷлиси Намояндагон 110 вакил ва Шӯрои ҷумҳурӣ 64 узв дорад.
Натиҷаҳои интихоботи гузаштаи порлумониро дар Беларус нозирон аз Русия ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пазируфтанд, аммо нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо онро "ғайриозод" номиданд.

Комментарии (0)