Шойгу: Мудофиаи ҳавоии муштараки СААД амалан ташкил шудааст

Шойгу: Мудофиаи ҳавоии муштараки СААД амалан ташкил шудааст
Низоми ягонаи дифои ҳавоии кишварҳои узви Созмони Аҳномаи Амнияти Дастаҷамъӣ — СААД амал таъсис ёфтааст.Дар ин бора вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу дар шабакаи телевизионии «Россия-1» изҳор дошт.Вай гуфт, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви ин иттиҳодия созишномаҳои дуҷонибаи дахлдор вуҷуд доранд."Он, албатта, муҷаҳҳаз аст, кор мекунад, мо давра ба давра машқҳо мегузаронем, онро дар ҳолати ҷангӣ нигоҳ медорем«, — афзуд вазири дифои Русия.
Ин дар ҳолест, ки бо ҳадафи ташкили мудофиаи муштараки ҳавоӣ Русия ба Тоҷикистон 2 дивизиони С-300 дод.Ба гуфтаи президенти Русия, Владимир Путин, ба Тоҷикистон аллакай 8 адад дастгоҳи партоби мушакҳои С-300 таъмин гардида, корҳо идома хоҳанд дошт.Ӯ зикр намуд, ки яке аз аҳдофи кишварҳои узви СААД ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ мебошад.Ба ин созмон шаш давлат — Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон дохил мебошанд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий