Оғози мусобиқаи байналмилалии куштӣ дар Хуҷанд
Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштии камарбандӣ оғоз шуд, ки то 14 октябр идома хоҳад дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, раиси вилоят дар маросими ифтитоҳ, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарият ва намояндагони Федератсияи байналмилалии куштии камарбандӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон, варзишгарони кишварҳои гуногун иштирок доштанд.
Аҳмадзода меҳмононро аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Руминия, Гурҷистон, Муғулистон, Беларус, Ҳиндустон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Замбия, Колумбия, Нигерия, Миср, Молдова, Украина ва Марокаш хайрамақдам гуфт.
Мусобиқаи байналмилалии мазкур то 15 октябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз 21 давлати хориҷа баргузор шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот супорида мешавад, омадааст дар иттилоия.
Аҳмадзода гуфт, дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Дар феҳрасти чораҳои ҳавасмандсозӣ аз ҷумла стипендияи раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарону мураббиён, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ зикр гардид.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)