Асарҳои рассомони тоҷик дар Самарқанд муаррифӣ мешаванд

Асарҳои рассомони тоҷик дар Самарқанд муаррифӣ мешаванд
Рӯзи шашуми октябр дар Самарқанд намоиши асарҳои бадеии рассомони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Дар ин бора раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Наргис Ҳомидова хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, намоиши рассомон таҳти унвони "Симо ва ранг" сурат мегирад.
Зикр гардид, ки аз Тоҷикистон асарҳои Илёс Мамадҷонов, Далер Миҳтоҷев ва Баҳром Исматов ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамчунин Нуриддин Исоев ва Аҳмад Исоев рассомони мизбон асарҳои худро ба намоиш мегузоранд.
Манбаъ афзуд, ки ба роҳ мондани ин чорабинии фарҳангӣ бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва ҳамзамон Иттифоқи рассомони Тоҷикистон сурат мегирад.
Ҳадаф аз баргузор кардани намоиши асарҳои бадеии рассомони Тоҷикистону Ӯзбекистон ин амалӣ намудани муносибатҳои фарҳангии ду ҷумҳурии дӯсту бародар арзёбӣ мешавад.
Қаблан зиёиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд дар маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии "Дуои модар" иштирок намуда буданд.



САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий