Шикасти Усмонов ва пирӯзии Ҳақназарова дар Бозиҳои Осиё
Муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов, ки дар вазни то 63,5 кило дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу зӯрозмоӣ мекард, дучори шикаст шуд.
Ба иттилоио Федератсияи бокси Тоҷикистон, Усмонов дар даври ҳаштякниҳоӣ бо ҳарифи қазоқаш, Йертуган Зейнуллинов вориди майдон шуда, нерӯсанҷиро бо ҳисоби 2:3 бохт.
Усмонов барандаи нишони биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс буда, яке аз умедҳои Тоҷикистон барои нишон дар 19-умин Бозиҳои Осиё ба шумор мерафт.
Шикасти Усмонов дар ҳолест, ки бонуи муштзани тоҷик, Руҳафзо Ҳақназарова вазни то 50 кило муштзани идонезӣ, Новита Синадиаро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба даври ҳаштякниҳоӣ расид.
Қаблан Асрор Воҳидов, ки дар вазни то 57 кило қувваозмоӣ мекунад, бар Сулия Хамми аз Лаос дар даври аввал пирӯз гардида, 30 сентябр бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш зӯр меозмояд.
Ҳамчунин муштзани дигари Тоҷикистон, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило дар даври аввал пирӯз гардида, 30 сентябр бо қаҳрамони олимпӣ аз Ӯзбекистон, Баҳодур Ҷалолов вориди майдон мегардад.
Қаблан дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу, Меҳрон Шафиев (51 кг), Довуд Маҳкамов ( 71 кг) , Бибинишастамо Холова (60 кг) ва Нигора Олимова (54 кг) дучори шикаст шуданд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)