Азми Русия барои фурӯши барқи “Сангтӯда – 1” ба кишварҳои дигар
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз имкони интиқоли барқи нерӯгоҳи “Сангтӯда – 1” ба кишварҳои сеюм хабар дод
Владимир Путин, 17 апрел дар Маскав ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дар бахши энергетика муваффақ хонд.
Ӯ гуфт, Русия талаботи иқтисоди Тоҷикистонро бо маводи нафтӣ пурра таъмин мекунад ва зикр намуд, ки маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода мешаванд.
Путин афзуд, нерӯгоҳи “Сангтӯда – 1”, ки бо иштироки Русия сохта шудааст, беш аз 10 дарсади нерӯи барқи истифодашаванда дар Тоҷикистонро таъмин мекунад.
“Феълан имкони интиқоли барқи тавлиди “Сангтӯда – 1” ба кишварҳои сеюм мавриди баррасӣ қарор дорад”, - гуфт раисиҷумҳури Русия.
Баррасии содироти барқи “Сангтӯда – 1” ба хориҷи Тоҷикистон дар ҳолест, ки “Барқи тоҷик” натавонистааст, ҳаққи барқи ин нерӯгоҳро саривақт пардохт кунад.
Ба ҳолати аввали соли равон аз 23 миллиард сомонӣ қарзи умумии "Барқи тоҷик”, 1,36 миллиард сомонии он ба “Сангтӯда – 1” рост меояд.
Тибқи иттилое, ки ширкат расман пахш кардааст, то 1 январи соли равон “Барқи тоҷик” барои “созишномаҳои зерқарзӣ” 18,5 миллиард сомонӣ аз вазорати молия, 1,15 миллиард аз “Сангтӯда – 1”, 1,36 миллиард аз “Сангтӯда – 2”, 66,7 миллион аз андоз ва бақия 1,34 миллиард аз “Ориёнбонк”, бонки хизматгузораш қарздор аст.
Комментарии (0)