Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Валентина Матвиенко ба Русия рафт

Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Валентина Матвиенко ба Русия рафт
Ҳайъати парлумонии Тоҷикистон барои ширкат дар чиҳилу нуҳумин иҷлоси Маҷмаъи байнипарлумонии кишварҳои Ҳамсуд ба Русия сафар кард

Ҳайъати парлумони Тоҷикистон ба раёсати Шукурҷон Зуҳуров раиси маҷлиси намояндагони кишвар бо даъвати Валинтина Матвиенков раиси Шурои федератсияи Русия ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар карданд.

Тавре дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон хабар додааст, Намояндагони  парлумони Тоҷикистон дар чорчуби ин сафар дар чиҳилу нуҳумин иҷлоси Маҷмаъи байнипарлумонии кишварҳои Ҳамсуд, ширкат мекунанд.

Зимни ҷаласаи мазкур масоили марбут ба мушорикати нозирони байналмиллалии Маҷмаъи байнипарлумонии кишварҳои Ҳамсуд дар назорати интихоботие, ки ахиран дар кишварҳои узви ин созмон баргузор шуда баррасӣ мекунад.

Инчунин дар остонаи ҳафтоду панҷумин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги бузурги Ватанӣ, намояндагони парлумони кишварҳои Ҳамсуд масоили марбут ба таҷлил аз ин ҷашнро баррасӣ мекунанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров зимни сафараш ба шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои узви кишварҳои ҳамсуд дидор ва гуфтугӯ дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Комментарии (0)

Оставить комментарий