Вазъ дар марз меҳвари гуфтугӯҳои Муҳриддин бо намояндаи вижаи Канада дар умури Афғонистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Канада дар умури Афғонистон Девид Спроул дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Меҳвари аслии гуфтугӯҳо вазъ дар Афғонистон ва таҳкими марз ва муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир буд.
“Зимни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи вазъи кунунии Афғонистон, ҳамчунин роҷеъ ба тасмимҳои Тоҷикистон дар бобати таҳкими марз ва муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мубодилаи афкор намуданд”, - иттилоъ додааст вазорат.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, гуфта буд, ки мақомоти тоҷик ҷонибдори ҳалли мусолиматомези авзоъ дар Афғонистон ҳаст.
“Тоҷикистон ҳамеша ба ҷонибдори аз ҳалли мусолиматомези вазъ дар Афғонистон баромад кардааст", - гуфт ӯ.
Тавре Раҳмон қайд кард, ҷониби Тоҷикистон аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад, ки метавонад аз тамоми гурӯҳҳои этникӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ намояндагӣ кунад, то ҳуқуқ ва озодиҳои аҳолӣ, бахусус занонро кафолат диҳад.
"Ин барои сулҳ заминаи мустаҳкам ба вуҷуд меоварад, — таъкид кард президенти ҷумҳурӣ.
Вай афзуд, Тоҷикистон аз тамоми талошҳои дипломатӣ барои ҳалли вазъ ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба ниёзмандон дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)