Гурез аз Думаи давлатӣ: вазирони рус аз маҷлиси Медведев ба мулоқоти Раҳмон “давиданд”
Якчанд вазири рус ҳангоми баромади сарвазири Русия, Дмитрий Медведев Думаи давлатиро, тарк карданд, то ки ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин расанд
Якчанд вазири Думаи давлатии Русия ҳангоми баромади Дмитрий Медведов ҷаласаро тарк карданд, то ки ба мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин расанд.
Дар ин ҳол роҳбари Ҳизби коммунистии Федератсияи Русия Генадий Зюганов ишора ба ҳозир набудани ҷойнишини аввали сарвазири Русия Антон Силуанов кард.
Дмитрий Медведов бошад қайд кард, ки Силуанов бо мақсади иштирок дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин толорро тарк кард.
“Дигар ҳамкороне, ки дар он чорабинӣ бояд иштирок мекарданд маҷбур буданд, ки ҷаласаро тарк кунанд ва пешакӣ огоҳ карда буданд, агар ягон савол бошад ман таёрам ҷавоб диҳам”, - гуфтааст Медведев.
Ёдовар мешавем, ки рисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқот санадҳои гуногун ба имзо расониданд.
Дар натиҷаи ин сафари Раҳмон ба Русия 16 санад, ки аз он 5-тояш ёддошти тафоҳум аст, ба имзо расонида шуданд.
Комментарии (0)