Афзоиши ғарқшавӣ дар Тоҷикистон: Аксарияти ғарқшудаҳо ноболиғанд

Афзоиши ғарқшавӣ дар Тоҷикистон: Аксарияти ғарқшудаҳо ноболиғанд
Аксарияти онҳое, ки дар давоми нимсолаи аввали соли равон ғарқ шудаанд, кӯдакону наврасонанд, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон.
Ба иттилои КҲФ, дар давоми 6 моҳ дар рӯд, кӯл ва каналҳои ҷумҳурӣ 87 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад. Теъдоди ғарқшудаҳо дар нимсолаи аввали соли пешӣ 84 нафар гуфта мешуд.
"Аз шумори умумии ғарқшудагон 46 нафарашонро кӯдакон ва наврасони то 16-сола ва 41 нафарро аз 17-сола боло ташкил додаанд", - изҳор дошт Кумита.
Ин ниҳод сабаби ғарқшавии шаҳрвандонро риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарии оббозӣ хондаст.
Дар натиҷа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 10 нафар ғарқ шудаанд. Теъдоди ғарқшудаҳо дар Суғд 22 нафар, дар Хатлон 32 нафар, дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 16 нафар ва дар шаҳри Душанбе 7 нафар арзёбӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикстон ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон, махсусан кӯдакон афзоиш меёбад.
Таъкид мешавад, ки ба далели камбуди ҷойҳои мувофиқу омодашуда барои оббозӣ бисёри шаҳрвандон дар ҷойҳое шиноварӣ мекунанд, ки барои ин кор пешбинӣ нашуданд ва дар натиқа ғарқ мешаванд.

САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий