Раиси Маҷлиси Бузурги Туркия: «Наҳзатиҳо ва «Гурӯҳи 24» аз қаламрави Туркия бадарға карда шуданд»

Раиси Маҷлиси Бузурги Туркия: «Наҳзатиҳо ва «Гурӯҳи 24» аз қаламрави Туркия бадарға карда шуданд»
Тавре қаблан хабар додем, чанде пеш ҳайати вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия бо роҳбарии  муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов бо даъвати ҷониби Туркия дар шаҳри Анқара қарор доштанд.

Дар доираи сафар мулоқотҳои ҳайат бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Шентоп, Раиси Кумитаи саноат, тиҷорат, энергетика, захираҳои табиӣ, илм ва технологияи Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Элиташ ва Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон Аҳмед Узер баргузор гардиданд.

Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Шентоп зимни мулоқот таъкид намуд, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ қаноатбахш буда, Ҷумҳурии Туркия душмани миллати тоҷик ва душмани Ҷумҳурии Тоҷикистонро душмани Ҷумҳурии Туркия меҳисобад.

Инчунин Мустафа Шентоп изҳор дошт, ки созмони террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» бинобар алоқамандӣ ба терроризм ва экстремизм аз қаламрави Туркия ронда шуданд.

Дар ин росто Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқобили созмони мамнӯи Фатҳуллоҳ Гюлен мусбат арзёбӣ намуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий