Оғози Сафари Раҳмон ба Арабистон: Дар фурудгоҳ раисҷумҳурро амири Макка пешвоз гирифт

Оғози Сафари Раҳмон ба Арабистон: Дар фурудгоҳ раисҷумҳурро амири Макка пешвоз гирифт
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба номи Шоҳ Абдулазиз меҳмони олимақом — кишвардори Тоҷикистонро Амири музофоти Маккаи Мукаррама, мушовири Шоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ал-Файсал ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Қайд карда шудааст, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда, аз ду канори роҳрави махсус аскарони Қаровули фахрӣ саф кашида буданд.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар назар аст, ки раҳбари кишвар 19 июл дар шаҳри Ҷидда дар нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб иштирок ва суханронӣ кунад.Ҳамчунин дар доираи ин сафари корӣ мулоқоти Президенти кишвар бо Валиаҳди Подшоҳи Арабистони Саудӣ Шайх Муҳаммад ибн Салмон ва дигар намояндагони воломақоми Подшоҳии Арабистони Саудӣ доир мегардад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий