Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав кор мекунад

Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав кор мекунад

Дар Маскав шумораи муҳоҷирони корӣ дар соли 2022 ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, бештаринашонро шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон ҳастанд

Шаҳрвандони тоҷик тақрибан 27,5% шумори умумии муҳоҷирон дар Маскавро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумоти системаи автоматикунонидаи ҳисоботи таҳлилии Системаи давлатии иттилоотии бақайдгирии муҳоҷират, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ҳудуди 191 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди пойтахти Русия шаҳрвандони Узбекистон каме бештар ҳастанд - қариб 231 ҳазор нафар ё 33,4%.

Вазорати корҳои дохилии Русия қайд кард, ки соли гузашта шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав 26,1% (беш аз 754 ҳазор) кам шудааст, менависад ТАСС.

Аксари шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар минтақа қарор доранд, ба Русия бидуни раводид (қариб 693 ҳазор ё 91,9%) омадаанд.

Аммо дар ин замина теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан 50% афзоиш ёфтааст.

Соли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 214,8 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 47,1 фоиз зиёд мебошад.

Вуруди беш аз 48 000 шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар манъ шуда, беш аз 33 000 қарори ихроҷи маъмурӣ қабул шудааст.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий