СААД коҳиши таниш дар қаламравашро баррасӣ кард

СААД коҳиши таниш дар қаламравашро баррасӣ кард

Намояндагони Сазмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти кории Минск вазъи низомию сиёсӣ дар ҳудуди таҳти масъулияти ин созмонро баррасӣ карданд

Рафъи танишҳо, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзӯъҳои аслии нишасти сарони воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии Нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД дар Минск буд.

Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба намояндаи Беларус Валерий Ревенко, ки дар ҷаласа ширкат дошт, хабар дод.

"Барои роҳбарони вазоратҳои дифоъ барои рафъи ташаннуҷ дар қитъаҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия шудаанд", - гуфт Ревенко.

Илова бар ин, дар ҷараёни ҷаласаи корӣ намояндагони СААД вазъи низомиву сиёсии қаламрави таҳти масъулияти ин созмонро баррасӣ ва фаъолияти ҳамкориҳои байналмилалии низомиро дар соли ҷорӣ мушаххас карданд.

Ҷониби Беларус самтҳои афзалиятноки раёсати худро дар СААД эълон кард, ки ба ҳалли вазъи бӯҳронӣ ва ҷилавгирӣ аз нооромшавии минбаъда дар минтақаи масъулияти ин созмон равона шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари ҳукуматгириии толибҳо дар Афғонистон ва фаъолшавии созмони террористӣ дар қаламрави ин кишвар, таваҷҷуҳи СААД ба марзи ҷанубии Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин кишварҳои СААД муайян кардаанд, ки аъзои созмон, аз ҷумла дар соҳаи амнияти биологӣ низ ҳамкорӣ мекунанд.

СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий