Тоҷикистон ба ифтитоҳи намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Русия омодагӣ мегирад
Монеаи кушодани намояндагӣ, набудани роҳи ягонаи бехатар барои интиқоли маълумоти шахсӣ, ба монанди изи ангушт, боқӣ мемонад
Ифтитоҳи намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон баргузор мешавад, гуфт муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ.
Тавре вай таъкид кард, мавҷуд набудани канали ягонаи интиқоли маълумоти шахсӣ монеа дар роҳи таъсиси намояндагӣ боқӣ мемонад.
Сухан дар бораи изи ангуштони шаҳрвандони Тоҷикистон меравад, ки тибқи қонун, он метавонад дар шакли электронӣ танҳо тавассути канали алоқаи бехатар ирсол шавад.
"Дар ояндаи наздик бо ҳалли ин масъалаҳои техникӣ мо ба ифтитоҳи намояндагӣ наздик мешавем", - гуфт муовини вазир.
Ифтитоҳи намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ҳатто қабл аз вуруд ба Федератсияи Русия асноди зарурӣ, аз қабили патент барои кор ва шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва қонунгузории Русияро дарёфт кунанд.
Илова бар ин, ин марказ метавон аз муоинаи тиббӣ ва сабти изи ангуштон, инчунин машварат дар бораи вуруд ва будубош дар Русия гузашт.
Маврид ба зирк аст, ки қарордод дар ин самт миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия октябри соли 2022 баста шуда буд.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)