Назорати видеоии муҳоҷирон дар Русия пурзӯр мешавад

Назорати видеоии муҳоҷирон дар Русия пурзӯр мешавад

Дар пайи шикояти бархе аз сокинон дар қисматҳое аз вилояти Маскав, ки муҳоҷирон зиёд кору иқомат доранд, дурбинҳои назоратии бештар насб мегарданд

Дар минтақаи Котелники бо дастури ҳокими вилояти Маскав дурбинҳои назоратии иловагии сабти видео насб шуда, назорати нерӯҳои пулис пурзӯр мешавад.

Дар ин бора роҳбари вилояти Маскав Андрей Воробёв дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоӣ хабар дод.

Аз ҷумла чунин тадбир дар Котелники, ки дар минтақаи ҳаммарз бо бозори Садоводи Маскав воқеъ аст, андешида мешаванд. Ҳамчунин шумораи кормандони пулис, ки дар кӯчаҳо посбонӣ мекунанд, афзоиш хоҳад ёфт.

"Мардум нигарон аст - чунин маҳалла на ҳамеша ором аст. Мо сари ин масъала кор хоҳем кард: камераҳо насб мекунем ва дар ҷои зарурӣ шумораи кормандони пулисро зиёд мекунем", - навиштааст раиси вилояти Маскав.

Қаблан сокинон ба далели зиёд будани теъдоди муҳоҷирон ва манзилҳои "резинӣ" ба мақомот муроҷиат карда буданд. Зикр шуда буд, ки муҳоҷирон дар ҳуҷраҳо гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд ва кӯдакони маҳаллиро бо амалҳои худ дар кӯча метарсонанд.

Дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳукумати вилоят гуфта мешавад, ки ҳоло дар Котелники қариб 1,7 ҳазор камераи системаи "Минтақаи бехатар" фаъолият доранд.

Илова бар ин, аз чор се ҳиссаи тамоми даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматии ноҳия бо дастгоҳҳои назорати видеоӣ бо системаи шинохтани чеҳра муҷаҳҳаз шудаанд.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий