Сӯиқасд ба ҷони сафири Покистон дар Кобул

Сӯиқасд ба ҷони сафири Покистон дар Кобул

Нахуствазири Покистон аз сӯиқасди ба ҷони раиси намояндагии Покистон дар пойтахти Афғонистон хабар дод ва ба шиддат онро маҳкум кард

Афроди мусаллаҳи аз сохтимонӣ атрофи сифорати Покистон дар Кобул ба сӯйи ин ниҳоди дипломатӣ тирандозӣ карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

“Ман талош разилонаи террори сафири мо дар Кобулро ба шиддат маҳкум мекунам. Дуруд бар нигаҳбони шуҷоъ, ки барои наҷоти ҷони сафири мо дар баробари гулула қарор гирифт. Барои беҳбудии саломатии ин нигаҳбон дуо мекунем”, навиштааст нахусти вазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар вокуниш ба ин тирандозӣ дар саҳифаи твиттерии худ.

Шаҳбоз Шариф аз мақомоти Афғонистон дар симои толибон хостори таҳқиқоти фаврӣ ва дастгирии омилони ин ҳодиса шуд.

Расонаҳои Покистон ба нақл аз манобеи толибон гузориш додаанд, ки Обидулраҳмони Низомонӣ, сафири Покистон дар Кобули ҳадафи шиллик чанд гулӯла аз як сохтимони наздик ба сифорат қарор гирифт.

Гуфта мешавад дар ин ҳодиса нигаҳбони сафири Покистон ба захмӣ чангин бардоштааст.

Обидулраҳмони Низомонӣ, ҳудуди як моҳ қабл ҷонишини Мансури Аҳмадхон сафири пешини Покистон дар Кобул таъйин шуда буд.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий