Майк Помпео Эронро "хатари ҷаҳонӣ" номид
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, Эрон бидуни ҳеҷ шакку шубҳа дар Амрикои Ҷанубӣ пул дорад ва ҳамчунон як “таҳдиди ҷаҳонӣ”мемонад.
Ӯ рузи 13-уми апрел ба телевизиони Садои Амрико гуфт: “Он пулҳои Эрон, ки дар Амрикои ҷанубӣ мондаанд, барои мақсадҳои нопок, ба мисли ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ, кумак ба созмонҳои байналмилалии муташаккилонаи ҷиноӣ, мусоидат ба талошҳои террористӣ дар саросари минтақа истифода мешаванд.”
Майк Помпео ба парвози мустақими ҳавопаймо аз Теҳрон ба Каракас, пойтахти Венесуэла ишора кард, ки ҳафтаи гузашта шуруъ шуд. Ширкати Моҳон эйр, ки парвозҳоро шуруъ кард барои интиқоли муҳимоти низомӣ ба кишварҳои Ховари Миёна таҳрим шудааст.
Майк Помпео, ки дар Парагвай бо телевизиони Садои Амрико суҳбат мекард, гуфт, ҳузури Эрон дар Амрико Ҷанубӣ ба нафъи кишварҳои ин минтақа ва Иёлоти Муттаҳида нест. Эрон аз ҷумлаи ҳомиёни Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла аст, ки кишвараш ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ дучор шудааст.

Комментарии (0)