Путин гуфт, дар кишварҳои ИДМ ҳамалоти террористӣ коҳиш ёфтааст
Раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим дар бораи динамикаи мусбат ҳарф зад
Президент Владимир Путин гуфт, дар қаламрави ИДМ дар вақтҳои охир тамоюли мусбат дар мубориза бо терроризм мушоҳида мешавад.
Ба гуфтаи вай, шумори ҳамалоти террористӣ дар қаламрави ин кишварҳо коҳиш меёбад ва аз ин рӯ, ӯ хостори идомаи кори муштараки Русия ва кишварҳои ИДМ дар мубориза бо терроризм шудааст.
"Бояд дар заминаи мубориза бо терроризм минбаъд ҳам ҳар чӣ бештар ҳамкорӣ ба роҳ монд. Аз ҷумла, идомаи табодули иттилоот дар бораи афроде, ки дар амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ даст доранд ва ё гумонбар мешаванд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, муҳим аст, ки тамоми талошҳо барои ошкор ва бастани каналҳои вуруди террористон таҳти ниқоби ҷараёни муҳоҷират тамаркуз карда шаванд.
Путин афзуд, ки паҳншавии зархаридони хориҷие, ки таҷрибаи ҷангӣ доранд, хатари махсусан ҷиддӣ дорад.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)