Нахустин мулоқоти Раҳимзода бо сафири навтаъини ИМА
Ҷонибҳо масоили муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро баррасӣ кардаанд
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон рӯзи 9 апрел бо сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дидору мулоқот кард.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури дохилаи ҶТ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбахъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар асоси созишномаҳои ҳамкории тарафайн, дар самти муборизаи муштараку самарабахш бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки сафири ИМА дар Тоҷикистон, Ҷон Марк Поммершайм, ба тозагӣ рӯзи 15 март ба раисҷумҳури Тоҷикистон эътимоднома супорид.
Раҳмон эътимодномаи сафирони навтаъини Қирғизистону Эрону Амрико ва Чинро қабул кард
Сафири Амрико зимни вуруд ба Душанбе ба сокинони Тоҷикистон паём фиристод ва дар он аз Ҷалолуддини Румӣ шеър қироат кард.
Қироати шеъри Рӯмӣ ва саломи тоҷикӣ: паёми сафири нави Амрико дар Тоҷикистон -Навор
“Вазифаи ман, ҳамчун сафири Амрико дар Тоҷикистон тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, амният, маориф, таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад”, - таъкид намуда буд Ҷон Марк Поммершайм.
Комментарии (0)