Путин мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро вазифаи аслии ВУД гуфт
Ин нуктаро Владимир Путин зимни дидор бо раҳбарони нав дар мақомоти Вазорати умури дохилӣ, қайд кард.
Яке аз вазифаҳои аслии Вазорати корҳои дохила мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад, изҳор дошт Владимир Путин.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфт, ки тамоми қувваи мақомои дохилӣ ба "мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, киберҷиноят ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ равона" шудааст.
Ба гуфти ӯ ноил шудан ба натиҷаҳои мусбат дар ҳар яки ин соҳа аҳ раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷумла дар минтақаҳо, вобастагӣ дорад.
Ин нуктаро Владимир Путин зимни дидор бо раҳбарони нав дар мақомоти Вазорати умури дохилӣ, қайд кард.
Бино ба гузориши муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Александр Гребенкин, дар авоили соли ҷорӣ 2,4 миллион шаҳрвандони хориҷӣ қонуни Русияро нақз кардааст.
"2,4 миллион шаҳрвандони хориҷӣ дар авоили соли ҷорӣ қавонони муҳоҷиратро нақз кардаанд-яъне ҳар муҳоҷири чаҳорум, ки дар ҳудуди Русия қарор дорад",-гуфт Гребенкин.
Ба гуфти ӯ яке аз вазифаҳои аслии мақомоти қудратӣ андешидани чораҳои иловагӣ барои кам кардани шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди кишвар мебошад.
Комментарии (0)