АВВАЛИН ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК ДАР ЛИГАИ АВРУПО. Парвиз Умарбоев ва дастаи ӯ пешсафи чемпионати Булғористон шуданд
Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Парвиз Умарбоев фаъолияти худро дар ҳайати дастаи дигари Булғористон идома дода, аз «Локомотив» рафт. Вай ҳамчун футболбози озод аз «Локомотив»-Пловдив, ки аз соли 2016 инҷониб бозӣ мекард, ба КМВА София 1948 гузашт.
Дар оғози мавсими нави чемпионати Булғористон бошгоҳи Парвиз Умарбоев аз 7 бозии баргузоршуда 17 имтиёз ба даст овард. Бо чунин нишондиҳандаҳо даста дар чемпионати Булғористон ба ҷои аввал баромад. Дар поён — «Баҳри Сиёҳ» ва «Арда»-анд, ки 15-имтиёзӣ гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки Парвиз Умарбоев аз хурдӣ дар мактаби «Рубин»-и Қазон таҳсил кардааст. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳеҷ гоҳ дар дастаи онҳо бозӣ накардааст. Дар мавсими солҳои 2013/14 ӯ дар ҳайати «Нефтехимик-Нижнекамск» ва сипас дар «Химик Дзержинский» бозӣ кардааст. Парвиз мавсими 2015/16-ро дар «Истиқлол» гузаронид. Дар маҷмӯъ, дар ин муддат футболбоз 84 бозӣ анҷом дода, дар онҳо ҳафт гол задааст.
Ӯ дар дастаи Душанбе бозӣ карда, барои худ ба Аврупо равзана боз кард- соли 2016 ба дастаи «Локомотив»-и Булғористон гузашт, ки тибқи маълумоти Transfermarkt, метавонад дар бошгоҳи Булғористон 100 ҳазор евро арзиш дошта бошад.
Бояд гуфт, ки Умарбоев аз соли 2015 дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллии кишвар 35 бозӣ анҷом дода, ба дарвозаи ҳарифон 7 гол задааст.
Дар ҳайати «Локомотив» ӯ беш аз 170 бозӣ гузаронида, ба задани 10 гол шарафёб шудааст. Ба наздикӣ клуб ӯро ҳамчун легионери аз ҳама зиёд дар даста бозикарда эътироф намуд. Дар ҳайати «Локомотив» футболбоз барандаи дукаратаи Ҷоми Булғористон, дорандаи Суперҷоми кишвар ва медали нуқраи чемпионат гардид.
Тобистони имсол футболбоз аз «Локо» ба КМВА 1948 рафт. Ҳайати пурраи он 8,79 миллион евро арзиш дорад. Парвиз Умарбоев сеюмин бозигари гаронарзиши бошгоҳи наваш гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан навишта буд, Парвиз аввалин бозигари тоҷик дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид, ки дар Лигаи Аврупо бозӣ кардааст. Қаблан ду бозигари дигар аз дастаи миллии Тоҷикистон дар чемпионати Булғористон бозӣ доштанд. Баъди Умарбоев дуввумин чунин бозигар собиқ футболбози «Истиқлол» ва «Хуҷанд» Искандар Ҷалилов буд. Вай дар дастаи «Дунав» бозӣ мекард. Баъди чанд муддати бозӣ дар Булғористон ба дастаи «Балтика»-и Калининград рафт. Нуриддин Давронов- сеюмин футболбози тоҷик дар чемпионати Булғористон буд. Ба «Дунав» рафт, вале баъди чанде тасмим гирифт, ки ба дастаи «Истиқлол» баргардад.
Комментарии (0)