Ӯзбекистон ба далели хуруҷи вабо дар Афғонистон назорати беҳдоштӣ дар марзро пурзӯр кард

Ӯзбекистон ба далели хуруҷи вабо дар Афғонистон назорати беҳдоштӣ дар марзро пурзӯр кард

Дар гузаргоҳҳои сарҳадиизбекистон 54 нуқтаи санитарию карантинӣ мавҷуд аст, ки барои аз муоина гузарондани воридшавандаҳо тамоми шароитро доранд

Ӯзбекистон дар робита ба хуруҷи бемории вабо дар А назорати беҳдоштиро дар марз тақвият бахшидааст.

Дар ин бора котиботи Хадамоти санитарию эпидемиологии Ӯзбекистон хабар дод.

Бояд гуфт, ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ ба ин дард дар музофотҳои Ҳилманд ва Зобули Афғонистон сабт гардидаанд. Мақомоти беҳдошти Афғонистон мегӯяд, сироятёфтаҳо ҳамарӯза афзоиш меёбанд ва аллакай чанд мавриди фавт аз ин беморӣ низ ба қайд гирифта шудаст.

Тибқи иттилои Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, дар гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистон 54 нуқтаи карантини санитарӣ фаъолият мекунад. Аз ин шумор 36 адад дар роҳҳои автомобилгард, 11-то дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ, 6 дар роҳи оҳан ва 1-тоаш дар бандари дарёӣ ҷойгир шудаанд.

Ҳама гузаргоҳҳо бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва ҳароратсанҷҳои бидуни тамос муҷаҳҳаз шудаанд, ки барои муоинаи тиббию санитарии шахсони воридшаванда ба кишвар ташкил ёфтаанд.

Илова бар ин, тибқи фармонҳои дахлдори вазири тандурустӣ тамоми беморони гирифтори дарунравӣ дар беморхонаҳои сироятӣ ҳатман аз ташхиси бемории вабо гузаронида мешаванд. Б

Манбаъ меафзояд, дар мавсими беморӣ мутахассисони ин ниҳод ҳар ҳафта аз обанборҳои кушод намунаҳои об мегиранд, то ангезандаҳои ваборо муайян кунанд.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий