Эрон: Толибон аз таъмини амният дар Афғонистон оҷиз мондаанд
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон мегӯяд, ки толибон аз таъмини амният оҷиз монда ва Теҳрон барои мубориза бо ДИИШ* пешгом мешавад
Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, ҳамла ба шиаёни афғон нигаронкунанда аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай бо ишора ба ҳаводиси ахири Афғонистон афзуд: "Ин ҳайати ҳокима аз таъмини амният оҷиз аст, барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва ДИИШ* пешгом хоҳем буд."
Вай гуфт: "Вазъи Афғонистон барои Эрон, аз ҷумла барои тамоми гурӯҳҳои этникӣ ва мазҳабӣ муҳим аст ва масъулияти қитъаи ҳайати ҳокимаи Афғонистон барои амният ёдоварӣ шудааст".
Вай гуфт, Афғонистон ақаллият надорад, балки дорои ақвом аст, ки дар ояндаи Афғонистон саҳиманд, ва афзуд “аз ин рӯ иҷоза диҳед масъулияти қатъии ҳайати ҳокимаи Афғонистонро ёдоварӣ кунам ва мутаассиф ҳастем, ки он ҳайати ҳокима натавониста амниятро дар бархе манотиқ таъмин кунад”.
Вай изҳор дошт, ки Эрон омода аст таҷрибаи худро дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар хидмати толибон қарор диҳад.
Тайи як ҳафтаи гузашта мавҷи таркишҳо дар мактабҳо ва масҷидҳои шиа ва ҳазора дар Кобул ва Балх сурат гирифт, ки дар натиҷа теъдоди зиёде кушта шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин ҳамлаҳо ҳудуди 300 донишҷӯ ва намозгузорон шаҳид ва захмӣ шуданд.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Русия
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)