Зодаи Панҷакент, шаҳрванд ва низомии Русия дар Укроин асир афтодааст. Падараш чӣ мегӯяд?

Зодаи Панҷакент, шаҳрванд ва низомии Русия дар Укроин асир афтодааст. Падараш чӣ мегӯяд?

Як зодаи шаҳри Панҷакент, афсари неруҳои Русия дар ҷанги ин кишвар дар Укроин асир афтодааст. Пайвандони Фарҳод Раҷабови 28-сола, ки дар баробари шаҳрвандии Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро низ дорад мегӯянд, онҳо 15 сол пеш ба вилояти Челябинск кӯч баста дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд ва худи ӯ афсари яке аз қисмҳои низомии ин вилоят буд.

Ҳоҷиқурбон Раҷабов, падари Фарҳод Раҷабов мегӯяд, дар чӣ шароите асир афтодани фарзандаш дар марзи Укроинро намедонад. Ӯ дар як суҳбати телефонӣ, аз вилояти Челябинск ба “Азия-Плюс” гуфт, ки танҳо ҳаминро медонам, ки писарам зинда мондааст. Ба нақли ӯ  Фарҳод Раҷабов, афсари неруҳои Русия аст ва хабари асир афтодани ӯро аз навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷшуда пайдо кард.

“Ҳаминро медонам, ки писарам рӯзи 27-уми март дар Укроин асир афтодааст, дигар чизе маълум нест, то ҳол худи ӯ телефон накардааст. Ӯ моҳи март ба Укроин рафта буд, рӯзҳои аввал ду бор занг зада буд, вале баъдан дигар телефон накард. Сипас мо ба телефони худаш занг задем ҷавоб надод, худатон медонед вазъият чӣ хел аст. Маълум нест, ки дар кадом қисмати Укроин ба асорат афтодааст, намегӯянд. Дигар он чи, ки Худованд хост ҳамон мешавад. Ӯ коргари давлат аст, давлат бурд боз худаш меорад”.

Ин хонавода то 15 соли пеш дар деҳаи Ғӯсари ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекарданд. Аммо баъдан ба Русия кӯч баставу аз он ҷо соҳиби кору мақоми шаҳрвандӣ шудаанд.

Ҳоҷиқурбон Раҷабов мегӯяд, ӯ дар як корхонаи давлатӣ дар вилояти Челябинск ба ҳайси сохтмончӣ кор мекунад. Соҳиби се фарзанд, ду духтар ва як писар буда ҳама шаҳрванди Русияро доранд ва дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд.

Абдуҳаким Каримов, муовири раиси ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, ки хонаводаи Раҷабовҳо дар ин ҷамоат хонаву дар доранд мегӯяд, хабари асир афтодани Фарҳод Раҷабовро ба тозагӣ фаҳмид. Вай рӯзи 7-уми апрел дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мавриди асир афтодани сокини деҳаи Ғӯсар мақомоти тоҷик низ аз ӯ пурсон шудаанд. Бино ба гуфти муовини раиси ҷамоати Лоиқ Шералӣ, Фарҳод панҷ моҳ пештар хонадор шудаву ҳамагӣ баъди се моҳи оиладорӣ ӯро ба Укроин сафарбар кардаанд.

“Падари Фарҳод Раҷабов тахминан солҳои 2002 ба Русия меравад ва дар он ҷо ба ҳайси сохтмончӣ кор мекунад. Худи Фарҳод то синфи 6 дар мактаби деҳаи Ғӯсар таҳсил карда, баъдан ҳамроҳи модараш ба Русия мервад ва дар он ҷо таҳсилро идома медиҳад. Баъди хатми мактаб ба сафи артиши Русия рафта як сол хидмат мекунад ва баъди хатми хидмат боз ба тариқи шартномавӣ корашро идома медиҳад. Аз рӯйи маълумот, баъдан ӯро барои тамрин ё намедонам барои чӣ ба Укроин фиристодаанд”, -гуфт, Абдуҳаким Каримов.

Эсанбой Раҷабов, амаки Фарҳод, ки ӯ низ дар вилояти Челябински Русия кору зиндагӣ мекунад мегӯяд, як моҳ пештар бо ҷиянаш Фарҳод суҳбати телефонӣ дошт ва ӯ аз Укроин гуфтааст, ки сиҳат саломат аст. Вай дар суҳбат ба “Азия-Плюс” афзуд, ки ҷиянаш дар яке аз қисми ҳарбии шаҳри Чебаркули вилояти Челябинск ба таври шартномавӣ хидмат мекард.

“Онҳо барои ҷанг ба Укроин нарафтаанд, барои амалиёте мераванд, ки якбора тонки онҳоро мезананд, ки ӯ зинда мемонад. Ӯ командир (механик)-и тонк буд. Шартнома баста буд, ки Тоҷикистон равам ва дар дивзияи 201-и Русия хидматро идома диҳам, вале барои мо норӯшан, нашуд”,-мегӯяд, Эсанбой Раҷабов

Навори бозпурсии афсари асирафтодаи артиши Русия ва ҳамзамон шаҳрванди Тоҷикистону Русия ду рӯз пеш дар саҳифаи ютуби Антон Геращенко, сиёсатмадор ва мушовири сардори Вазорати умури дохилии Укроин пайдо шуд. Дар ин навор Фарҳод Раҷабов бо чеҳраи латхӯрда ба суолҳое, ки маълум нест он аз суйи Антон Геращенко ё нафари дигар дода мешавад, посух додааст.

Аз ҷумла ӯ мегӯяд, ман Раҷабов Фарҳоди Хоҷиқурбон соли 02.02.1994 дар вилояти Ленинобод (вилояти Суғд), ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳаи Ғӯсар таваллуд шудаам.  Ҳоло дар вилояти Челябинск, деҳаи Аргаяш, кӯчаи Пролетар, хонаи 19 зиндагӣ мекунам.  Хизматчии ҳарбӣ, рутбаи сержант дорам ва ҷойи хидмат шаҳри Чебаркул ВЧ 89547, вазифа командири тонк. Ҳамчун ронанда-муҳандис (механик) ба ин ҷо омадам.

Номи падарам Раҷабов Ҳоҷиқурбон Афродович ва модарам Рустамова Сангиной Бегалиевна. Тақрибан як рӯз пештар ба ин ҷо омадам. Аз қисми низомӣ барои таълим ба вилояти Брянск омада баъди тақрибан ду рӯз аз ин ҷо роҳро идома додам. Намедонам ба куҷо”-мегӯяд, ӯ. 

Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий