Сохтмони Русия бе муҳоҷирони корӣ пеш меравад?
Коршиносони бахши сохтмон эҳтимоли хуруҷи муҳоҷирон аз Русияро арзёбӣ кардаанд
Дар Приморе тамоюли хуруҷи муҳоҷирони корӣ мушоҳида шудааст.
Дар ин бора директори "Иттиҳодияи бинокорони Приморе" Сергей Федоренко дар мусоҳиба бо "Российская газета" изҳор дошт.
Вай гуфтааст, ки Приморе аз рӯи шумораи муҳоҷирони корӣ дар байни минтақаҳои ҳавзаи федеролии Шарқи Дур пешсаф аст.
Ҳамин тариқ, дар аввали сол, тибқи иттилои расмӣ, дар минтақа беш аз 40 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳузур доштанд.
Федоренко гуфт, ки ҳоло бисёрии онҳо ба Ватан мераванд.
"Ҳоло муҳоҷирати оммавии коргарони хориҷӣ аз сохтмонҳои соҳилӣ мушоҳида нашудааст, аммо тамоюли он мушаххас шудааст. Ширкатҳо мегӯянд, ки ҳудуди 5 дарсади бинокорон аз кишварҳои ИДМ онҳоро тарк кардаанд", - гуфт раиси Иттиҳодия.
Ба андешаи ӯ, онҳое, ки махсус барои дарёфти пул ба Федератсияи Русия омадаанд, метавонанд кишварро тарк кунанд.
"Онҳо корро бо даромади хеле кам оғоз карданд, дар интиқоли маблағ мушкилот доштанд. Онҳое, ки зану фарзандони худро ба ин ҷо оварда, дар Русия муқим гаштанд ва пулро дар ин ҷо харҷ мекунанд, эҳтимолан ба ҷое нахоҳанд рафт", - мегӯяд Федоренко.
Чунин ҳолат аз он сабаб ба амал омадааст, ки махсусан, дар сохтмон музди меҳнат муқаррарӣ нест, тамоми музддиҳӣ бо усули кори анҷомшуда аст.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Пушкарев, раиси созмони ҷамъиятии вилояти Приморский "Муҳоҷират" як ҳолати мусбатро дар коҳиши шумори муҳоҷирони корӣ медонад.
Ба бовари ӯ, он вақт ин маблағҳоро метавон ба иқтисоди Русия сармоягузорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдулло Давлатов, ходими ҷамъиятӣ ва раиси собиқи Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия рафтанӣ нестанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар робита ба таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд, дар робита ба ин шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.
Раиси Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов низ ба ҳамин назар аст. Федератсия аз кор ба таври оммавӣ рафтани хориҷиёнро намебинад.
Ҳоло дар Русия бисёр ҷойҳои холӣ мавҷуданд ва корфармоён дар баъзе навоҳӣ аз норасоии коргарон мегӯянд.
Бо фарорасии фасли тобистон як қисми муҳоҷирон ба кишоварзӣ ва сохтмони котеҷҳои тобистона мераванд, хулоса кард мутахассис.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)