Баҳси табодули замин: шарҳи Ҳукумат дар бораи гуфтушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳукумати Қирғизистон бо нашри як иттилоия гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон дар масоили марзиро шарҳ дод
Тибқи иттилои манбаъ, гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Азим Иброҳим, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоқов 4-6 апрел дар Душанбе сурат гирифтанд.
“Дар ин мулоқот идомаи аломатгузории марз, имкони табодули замин дар қисматҳои оғуштаю омехта, таъмини субот дар марзи муштарак ва анҷоми таҳияи харитаҳои бузурги топографӣ баррасӣ шуданд”, - изҳор дошт Ҳукумати Қирғизистон.
Манбаъ афзуд, ки дар анҷоми мулоқот суратҷаласа ба имзо расида, ҷонибҳо омодагияшонро барои анҷоми аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати ҳарду ҷониб баён доштанд.
Ҳукумати Қирғизистон таъкид кардааст, ки муайянсозии марз кафили суботу ҳамсоядории хуб дар навоҳии наздимарзӣ хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо ҳудуди 500 километраш аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз боиси танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мешавад, ки баъзан куштаю маҷруҳ барҷой мегузорад.
Комментарии (0)