Тағйироти кадрӣ, бозгашти вирус ва таниш дар марз – январ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ, бозгашти вирус ва таниш дар марз – январ дар Тоҷикистон
Фарида Бобоҷонова. Оғози моҳи январ дар фазои хабарии ҷумҳурӣ “оромӣ” буд. Танҳо шабакаҳои иҷтимоии бахши тоҷикӣ аз ҳодисаҳои Қазоқистон менавиштанд. Баъдан, корбарон аз бемории монанд ба коронавирус шикоят карданд. Дар ҳоле ки омори Вазорати тандурустӣ қариб се моҳ боз баробар ба сифр буд.

Охири моҳи январ ғулғулаи фазои хабарӣ баланд шуд: нахуст тағйироти кадрии фарогир, ки бархеҳо онро “дилзанак” меноманд, сурат гирифт ва хамон шабу рӯзҳо вазъ дар марз бо Қирғизистон ваҳим гашт. Sputnik Тоҷикистон рухдодҳои моҳи гузаштаро ба ёд меоварад.

Низомиёни тоҷик дар Қазоқистон

Дар оғози моҳи январ низомиёни тоҷик дар ҳайати нерӯҳои сулҳофари СААД ба Қазоқистон ворид карда шуданд. Дар ҳоле, ки ҳамоишҳои эътирозӣ дар кишвар рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада буд, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд. Ҷумҳурӣ барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ аз СААД кӯмак хост.

Тоҷикистон ҳамчун узви ин созмон изҳори омодагӣ дар ҷараёни сулҳофарӣ намуд ва 7 январ ҳавопаймоии Ил-76-и Русия низомиёни тоҷикро ба Қазоқистон интиқол дод. Дар ин амалиёт ҳудуди 200 ҳарбии тоҷик иштирок карданд. Рӯзи 19 январ СААД эълон кард, ки низомиёнаш аз ӯҳдаи вазифаи худ бароманданд ва баъди таъмин шудани амният, Қазоқистонро тарк карданд.

Фармону амрҳои президент ва “дилзанак-2022”

Аввали моҳ Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" эълон карда, ба ҳукумат шаш моҳ муҳлат дод, ки нақшаи саноатикунонии кишварро барои 5 соли оянда таҳия намояд. Президент таъкид намуд, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7% ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сари ҳар сокин бояд то 2 баробар зиёд гардад.

Рӯзи 7 январ раисҷумҳур барои бораи таҷлили 35 - солагии Истиқлол ва супориши муҳлатнок ба ҳукумат барои таҷлили 35 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон фармони вижа ба тасвиб расонд.

Фармони афзоиши маошу нафақа ва стипендияи донишҷӯёнро 13 январ раисҷумҳур имзо кард.

Мувофиқи ин фармон аз якуми январ маоши хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд мешавад. Аз 1 июли соли равон маоши ҳадди ақалли кормандони тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад. Маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ва стипендияи донишҷӯён то 20 фоиз зиёд карда хоҳад шуд.

Президент чун анъанаи ҳарсола дар моҳи январ кадрҳоро ҷо ба ҷо кард. Ба қавли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, “Дилзанак-2022” аз 26 январ оғоз шуд.

Он рӯз Эмомалӣ Раҳмон вазири кишварзӣ, раиси шаҳри Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, муовинони раисони вилоятҳоро барканор ва таъйин намуд.

Рӯзи 27 президент директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президентро иваз кард. Ӯ ҳамчунин раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Роғунро низ аз мақомҳояшон барканор кардааст. Собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия сафири ҷумҳурӣ дар Олмон таъйин гардид.

Бозгашти коронавирус

Оғози моҳи январ эълон шуд, ки дар Тоҷикистон давраи севуми моякӯбии зидди коронавирус оғоз мегардад. Мақомот шарҳ доданд, ки дадели ин иқдомашон пешгирӣ аз вуруди омикрон – навъи нави коронавирус аст, ки аллакай ба кишварҳои ҳамсоя паҳн шудааст.

Дар ҳоле, ки мақомот ба сифр баробар будани омори COVID-19 - ро хабар медоданд, шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз навиштаҳои корбарон дар бораи дар онҳо тасдиқ шудани бемории коронавирус буд.

Ниҳоят, 21- уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод. То ҳол, расман таъйид нашудааст, ки омикрон ба Тоҷикистон ворид шуд ё на. Аммо бино бар иттилои Вазорати тандурустӣ, феълан шиддати паҳншавии коронаиврус дар кишвар коҳиш ёфтааст.

То кай? Таниш дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Рӯзи 21 январ як ронандаи тоҷик, ки аз ҷамоати Ворух ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бор мекашонд, ҳангоми гузаштан ба сангзании сокинони Оқсой дучор шуд. Хушбахтона, шаҳрванди Тоҷикистон осеби ҷиддӣ надид. Мақомоти ду кишвар низ дарҳол сари мизи гуфтугӯ нишастанду хостори пешгирӣ аз ҳама гуна иғвову фитна дар марз шуданд.

Аммо шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд. Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронӣ табдил ёфт. Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кардаанд.

Дар пайи муноқиша, шабона ҷонибҳо сари мизи музокира нишаста, эълони оташбас карданд. Ба иттилои расмӣ, дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардид, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокини мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин ду нафари дигар аз сокинони мулкии Тоҷикистон фавтидаанд.

Гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Қирғизистон 28 январ ба мулоқоти дуҷониба оғоз карда, ҷонибдорияшонро аз роҳи мусолиматомез ҳал кардани баҳсҳои марзӣ баён доштанд.

Ҳамчунин гуфта мешуд, комиссия бояд ташкил шуда, сабаби рух додани ҳодисаро таҳқиқ кунад. Сокинони тахлияшуда ба манзилашон баргардонида шаванд.

Рӯзи 29 январ раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев сари мизи музокирот нишастанд. Ин вохӯрӣ қариб се соат давом кард. Ятимов ҳодисаи ахири марзиро натиҷаи ҳал нашудани мушкили сарҳади давлатӣ номида, қайд кард, ки масъалаҳоро бояд дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ ҳал кард ва саркашӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва протоколҳои имзошуда боиси низоъ мегардад. Ҳамчунин кори комиссия барои муайянкунӣ ва аломатгузории ҳудудҳо аз сар гирифта мешавад.

Тоҷикистон, ки бо Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак дорад, феълан танҳо 520 километри он муайян шудааст. Номуайян боқӣ мондани садҳо километр сарҳади давлатӣ боиси ҷанҷолу нофаҳмиҳо дар марз мешавад. Аз ҷумлаи даргириҳои сангинтарини ҷонибҳо, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷониб барҷой гузошт, моҳи апрели соли 2021 рух дода буд.


Сарчашма:sputnik-tj.com


Комментарии (0)

Оставить комментарий