Президенти Алҷазоир дар пайи эътирозҳои мардумӣ истеъфо дод
Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа рӯзи сешанбе дар пайи эътирозҳои оммавии сокинони ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод.
Дар ин бора хабаргузории расмии Алҷазоир иттилоъ дод. Хабари истеъфои Бутефлиқа пас аз он нашр шуд, ки сардори ситоди кулли артиши Алҷазоир Аҳмад Салоҳ даъват кард, президентро фавран аз мақом барканор кунанд.
Низомиёни Алҷазоир изҳороти пешинро напазируфтанд, ки гуфта шуд, президент то поёни давраи чаҳоруми раёсати худ - 28 апрели соли равон дар мақомаш хоҳад монд. Онҳо талаб карданд, ки ӯ зуд барканор шавад.
Бар асоси Конститутсияи Алҷазоир, пас аз ба истеъфо рафтани президент вазифаҳои ӯро муваққатан раиси палатаи болоии порлумон Абдулқодир Бинсалоҳ иҷро мекунад. Бояд давоми 90 рӯз дар ин кишвар интихоботи нави президентӣ баргузор шавад.
Тасмими ба истеъфо рафтани президент дар пайи эътирозҳои оммавие гирифта шуд, ки беш аз як моҳ аст идома доранд. Сокинони ин кишвар бо нишони эътироз ба пешбарии бори панҷуми номзадии Бутефлиқа ба мақоми президентӣ даст ба тазоҳурот заданд.
Бутефлиқа дар гузашта узви ҳаракати озодихоҳи Алҷазоир ва вазири умури хориҷӣ буда, аз соли 1999 ин кишварро раҳбарӣ мекард.

Комментарии (0)