Ҳамаи нуҳ шаҳрванди Тоҷикистон озод шуд. Фарзияи "терроризм" рад шуд

Ҳамаи нуҳ шаҳрванди Тоҷикистон озод шуд. Фарзияи "терроризм" рад шуд
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон аз мақомоти қудратии ин кишвар хост то боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористиро расман шарҳ диҳад.

Мақомоти Олмон ду рӯз қабл хабар доданд, ки 11 нафарро бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Дюсселдорф боздошт карданд, ки нуҳ нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Асос ин як нафар шаҳрванди Тоҷикистон бинобар риоя накардани қоидаҳои роҳ ба роҳи пиёдагард ворид шудааст ва боиси сар задани вокуниши сохторҳои қудратии Олмон гардид

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар шаҳри Дюселдорф ягон ҳодисаи террористӣ сурат нагирифтааст ва ҳоло онҳо мехоҳанд, ки ҳуввияти шаҳрвандони аз рӯи ин ҳодиса барои муддати кӯтоҳ боздоштшударо аз мақомоти Олмон бигиранд.

“Иртиботи онҳо бо гуруҳи “Давлати исломӣ санҷида мешавад”
Хабари боздошти як гуруҳ аз хориҷиён аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми терроризм рӯзи 29-уми март дар расонаҳои Олмон нашр шуд. Нашрияи “Bild” аз қавли додситонии шаҳри Дюселлдорф навишт, 11 марди аз 22 то 35-сола бо гумони ташкили ҳамлаи террористӣ дар ғарби он кишвар боздошт шуданд. Ба навиштаи нашрия, нуҳ нафари боздошшуда шаҳрванди Тоҷикистон, як нафарашон олмонӣ ва як нафари дигар турктабор мебошанд.

Дафтари матбуоти додситонии Дюсселдорф рӯзи 30-юми март гуфт, мақомот эҳтимоли иртиботи боздоштшудаҳо бо гуруҳи тундрави “Давлатии исломӣ”-ро таҳқиқ мекунанд. Онҳо гуфтанд, “ба фарзияи мо, ин даҳ нафар бахше аз гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳастанд ё аз ҳаводорони онҳо.”

Мақомоти Олмон гуфтанд, ҳамаи гумонбарон аз боздошт озод карда шуданд ва таҳқиқ дар ин замина идома дорад. Феълан маълум нест, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон паноҳанда ҳастанд ё дар Олмон кор мекунанд.

“Ронанда ба роҳи пиёдагард баромад ва...”
Ғайратшо Соҳибназар, сафири Тоҷикистон дар Олмон рӯзи 1-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баробари нашри хабари боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми терроризм ба мақомоти Олмон дархост ирсол карданд.

Сафири Тоҷикистон гуфт, бар асоси маълумоте, ки дастрас кардаанд, дар шаҳри Дюсселдорф ягон ҳамлаи террористӣ сурат нагирифтааст ва танҳо амали як ронанда шубҳаро ба вуҷуд овардааст. “Он фарзияҳое, ки сохторҳои қудратии ин кишвар дар бобати онки ин гуруҳҳо гуё маводи тарканда дар ихтиёр дошта бошанд, алҳол собит нашуд. Асос ин як нафар шаҳрванди Тоҷикистон бинобар риоя накардани қоидаҳои роҳ ба роҳи пиёдагард ворид шудааст ва боиси сар задани вокуниши сохторҳои қудратии Олмон гардид,” - гуфт Ғайратшо Соҳибназар.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Ғайратшо Соҳибназар
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Ғайратшо Соҳибназар

Бо ин ҳама сафири Тоҷикистон гуфт, интизори посухи расмии ҷониби Олмон ҳастанд то қазияро пурра шарҳ диҳанд.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон, ки аз қазия огоҳ ҳастанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди ба роҳи пиёдагард баромадани як тоҷикистонӣ полис ӯро дастгир карда, нафароне, ки тариқи телефон бо ӯ алоқа доштанд, барои пешгирӣ аз ҷиноят боздошт карданд. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш нашр шавад, баъди он ки мушаххас шуд, ки ин як ҳодисаи тасодуф буд, ин нафарон озод шуданд.

Талоши мо барои суҳбат бо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Олмон боздошт шуданд, бенатиҷа буд. Мақомоти Олмон низ ному насаби онҳоро ошкор намекунанд.

Олмон яке аз кишварҳои аврупоӣ мебошад, ки теъдоди зиёди тоҷикон дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Тибқи омори сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар ин кишвар ҷамъияти иборат аз 4,5-5 ҳазор тоҷикистонӣ зиндагӣ мекунанд. Ин ҷамъият, ба гуфтаи масъулини сафорат, дар Олмон расман кор ва таҳсил мекунанд.

Илова ба ин, солҳои ахир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун паноҳанда ба Олмон рафтанд. Олмон дар баробари Лаҳистон яке аз кишварҳои аврупоист, ки садҳо нафар аз тарафдорони Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва гуруҳе аз дигарандешони тоҷик дар он ҷо паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтаанд. Теъдоди дақиқи онҳо маълум нест.

“Пахши пиёдардон-намунаме аз ҳамлаи террористӣ”
Боздошти 11 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ба роҳи пиёдагард баромадани худрав дар ҳолест, ки кишварҳои аврупоӣ солҳои ахир шоҳиди чандин ҳамлаи террористӣ шудаанд, ки бо роҳи пахш кардани пиёдагардон анҷом шудааст.

Декабри соли 2016 дар натиҷаи як чунин ҳамла бо мошини борбаре дар бозорчаи солинавии шаҳри Берлин 12 нафар кушта ва 48 тани дигар захмӣ гардид. Масъулияти ин ҳамларо ба дӯши муҳоҷирони ифротгаро гузоштанд. Моҳи марти соли 2017 марде дар шаҳри Лондон нахуст бо мошин роҳгузарҳоро пахш карда баъдан як афсари полисро бо корд захмӣ кард. Дар ин ҳодиса чор нафар, аз ҷумла худи ҳамлагар кушта шуд. Мақомоти Бритониёи Кабир ин ҳодисаро террористӣ хонданд ва гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти онро ба уҳда гирифт.

Инчунин 7 апрели соли 2017 мошини борбари дуздидашуда бо суръати 60 км-соат аз як кӯчаи пиёдагарди маркази шаҳри Стокҳолм ҳаракат кард. Чанд роҳгузарро зад ва баъдан ба бинои маркази тиҷоратии Ahlens бархӯрд. Дар ин ҳодиса чор нафар кушта ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти анҷоми ин ҳодисаро шаҳрванди Узбекистон Раҳмат Оқилов ба ӯҳда гирифт ва гуфт, ки ҳамлаи террористӣ бо фармоиши гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом шудааст.

Июни соли 2018 додгоҳе дар Шветсия ӯро гунаҳгор эълон ва ба ҳабси абад маҳкум кард.

Аз Тоҷикистон низ баъзе афрод бо ҷурми терроризм дар кишварҳои Аврупо азҷумла дар Олмон боздошт шуда буданд. Маҳмадсаид Саидов, як шаҳрванди Тоҷикистон соли 2016 бо иттиҳоми терроризм аз ҷониби мақомоти қудратии Олмон боздошт шуда буд.

[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2017/03/c/cd/cdf060d2-626a-48c9-a869-d003a1414094.mp4]

Ба ин монанд дар кишварҳои Аврупоӣ даҳҳо зодагони Осиёи Марказӣ бо ҷурми даст доштан дар амалҳои террористӣ дастгир шудаанд.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди дар Аврупо рух додани чанд ҳодисаи террористӣ, ки дар онҳо зодагони Осиёи Марказӣ гумонбар шуданд, ҳама гуна ҳодисаҳо, аз ҷумла, садамаи автомобилӣ дар роҳи пиёдагард аз ҷониби як муҳоҷир бо шубҳа қабул мешавад ва матбуот ҳам барои тобиши сиёсӣ додан ба ин ҳодиса шитоб мекунад.

Вале феълан мақомоти Олмон ҳанӯз баҳои ҳуқуқии худро ба ҳодисаи ахир баён накарданд.

Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/nine-tajiks-freed-from-german-police-/29854985.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий