"Мо ба майдон набаромадем"-раисҷумҳур дар бораи ивазшавии президент

"Мо ба майдон набаромадем"-раисҷумҳур дар бораи ивазшавии президент
Раҳбари нави Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев мегӯяд, ки идомадиҳандаи роҳу равшиши сиёсати вуҷуддошта хоҳад буд.

Қазоқистон ба ҷаҳон нишон дод, ки ин кишвари мутамаддин аст-гуфт Қосим Ҷомарт Тоқаев дар мусоҳиба бо рӯзномаи  "Егемен Казахстан" ва "Айкын". Дар ин бора Sputnik Қазоқистон менависад.

Тоқаев қайд карда, ки раисҷумҳури аввалини кишвар-пешвои миллат Нурсултон Назарбоев натанҳо бо иродаи сиёсӣ балки бо хиради воло  тавонист сулҳро дар кишвар нигоҳ дорад. 

"Аз авоили солҳои истиқлолият Нурсултон Назарбоев ҳамаи мушкилоти ташкили давлати навро бар дӯш гирифт. Дар ин роҳ ӯ муваффақ шуд. Кулли ҷаҳон Қазоқистонро эътироф мекунад. Гулгулшукуфии имрӯза ва рушди минбаъдаи кишвари соҳибистиқлоламон ба тамом бо номи Назарбоев алоқаманд аст",-қайд кард раисиҷумҳур.

Ӯ ваъда дод, ки идомадиҳандаи роҳу равшиши сиёсати вуҷуддошта хоҳад буд.

"Пешгӯиҳо гуногун буданд, ҳастанд ва мемонанд. Аз ҳама муҳимаш ин ки мо тавонистем бо осоиштагӣ ҳокимиятро иваз кунем. Ман мехоҳам бори дигар қайд кунам, ки ин боз ҳам хиради президенти аввалин ва омодагии мардумамонро нишон медиҳад. Мо ба майдон набаромадем ва бетартибӣ накардем",-изҳор дошт раисҷумҳури Қазоқистон.

Тоқаев қайд кард, ки ҳамааш дар доираи қонун баргузор шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий