Барқи Тоҷикистонро ба Чин низ интиқол медиҳанд
Дар баробари фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Покистон, Тоҷикистон ният дорад, ки онро ба Чин низ интиқол
Барои роҳандозии интиқоли барқ ба Чин сохтмони хати интиқоли барқи 500 киловолт бо масофаи 550 километр то Ноҳияи Мухтори Синтзян-Уйғур ба нақша гирифта шудааст, қайд мешавад дар Нақшаи генералии рушди бахши энергетика.
Гуфта мешавад, ба иловаи хатҳои интиқоли барқи байнишбакавии мавҷуда бо Афғонистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон, якчанд лоиҳаҳои сохтмони хатҳои минтақавии алоқаи байни низомҳо мавриди баррасӣ қарор дорад:
- Пайвасткунии низоми энергетикии Тоҷикистон бо низомҳои энергетикии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва ба як қисмати ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ табдил ёфтан (ЕЭКЦА);
- Амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки дар чаҳорчӯби он сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ байни Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар назар дошта шудааст;
- Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ Роғун – Пешовар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад;
- Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ бо масофаи 550 километр то Ноҳияи Мухтори Синтзян-Уйғури Чин;
- Роҳандозии кори шабакаи муттаҳидаи энергетикии Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон бо содироти солонаи ҳадди ниҳоии нерӯи барқ аз Тоҷикистон. Сохтмони ду хати иловагӣ ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ гардида, дар ин марҳила танҳо яктои он баррасӣ мешавад.

Комментарии (0)