Ҳабси кормандони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба гумони порагирӣ
Ба гумони даст доштан дар гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд декани факултаи исломшиносӣ ва корманди маркази тестии Донишкадаи исломии Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки айни замон доир ба ин масъала тафтишот ҷараён дорад.
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон зикр карданд, ки декани факултаи исломшиносӣ Абдусамад Яҳёев ва роҳбари маркази тестии назди донишкада Наҷмиддин Самиев айни замон ба ҳабс гирифта шудаанд.
Маркази тестии назди донишкада соли 2015 барои баргузор намудани имтиҳонҳо тариқи онлайн ва дар реҷаи тетсӣ боз шуда буд. Ҳозир ба дари ҳуҷраҳои кории ин марказ муҳр зада шудааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, шахсони зикршуда аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудаанд. Онҳо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гумонбар дониста мешаванд.
Мувофиқи маълумоти дарёфтӣ, моҳи январ онҳо бидуни баргузор кардани имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ (ММТ), 22 нафар донишҷӯёнро ба донишкада қабул кардаанд: ин донишҷӯён мактуби ММТ-ро бо худ надоштаанд. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, барои иҷрои ин кор боздоштшудагон наздики 70 ҳазор доллар маблағ гирифтаанд.
Шурӯъ аз соли 2015 ташкил ва баргузор намудани имтиҳонҳои қабулшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии таълимӣ танҳо тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Танҳо пас аз супурдани имтиҳонҳо дар Маркази тестӣ довталабон ба мактабҳои олӣ тақсим карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ягона мактаби олии динӣ дар ҷумҳурӣ аст.

Комментарии (0)