Русия барои сафару истироҳати пулисҳояш дар Тоҷикистон иҷозат дод

Русия барои сафару истироҳати пулисҳояш дар Тоҷикистон иҷозат дод
Русия феҳрасти 13 кишвареро, ки низомиёну ҳайати мулкии Вазорати мудофиа, кормандони пулис ва Росгвардия ҳаққи сафар ба онҳоро доранд, тасдиқ кардааст

Бар асоси фармони вазири умури дохилии Русия ва мудири Росгвардия, вазъи сиёсӣ - ҳарбӣ, криминогенӣ, санитарӣ – эпидемиологӣ ва иқлиму табиати Тоҷикистон барои сафару истироҳати низомиён, кормандони пулис ва Росгвардияи Русия бехатар мебошад.

Тибқи иттилои РИА Новости, дар маҷмуъ ба ин феҳраст 13 кишвар – Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Абхазия, Осетияи ҷанубӣ ва аз кишварҳои хориҷи дур – Ветнам, Чин ва Куба шомил мебошанд.

Манбаъ афзуд, барои кормандони Росгвардия бар асоси фармони мудир, сафару истироҳат дар Ҷумҳурии Молдив низ иҷозат дода шудааст.

Феҳрасти ин кишварҳоро дар арафаи мавсими истироҳати соли 2019 Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия нашр карда, таъкид намудааст, ки ин рӯйхат бар асоси фармони вазири умури дохилии Русия ва мудири Росгвардия аз охири соли 2017 тасдиқ шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий