Дар маҳбасҳои Тоҷикистон теъдоди гирифторони беморони ВИЧ-ро муайян карданд
Қайд карда шудааст, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон теъдоди гирифторони бемориҳои сироятӣ як каме коҳиш ёфтааст
Дар соли 2018 ташхиси зиндониён, гирифтор будани 30 нафари нав ба бемории ВИЧ-ро муайян кард, гуфта шудааст дар гузориши Умед Бобоозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол дар муассисаҳои ислоҳӣ 307 нафар маҳбус бо ин беморӣ адои ҷазо менамоянд, ки аз шумораи умумии онҳо дар маҳбасаҳо 262 нафарашон ба табобати ретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин теъдоди гирифторони бемории сил дар зиндонҳо 173 нафар аст.
Дар ҳамин ҳол, раванди беҳбудӣ дар маҳбасҳо низ дида мешавад. Маълум гашт, ки маризиҳои сироятшаванда дар маҳбасҳо як каме коҳиш ёфтааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки теъдоди беморони ВИЧ дар ҷумҳурӣ 10,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Аз ин рақам 7 ҳазор нафараш мард будааст. Инчунин, маълум гашт, ки 5,9 ҳазор нафар ба бемории ВИЧ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гирифтор шудаанд.
Комментарии (0)