Жээнбеков: идоракунии авлодӣ ба ҳукумати Қирғизистон роҳ дода намешавад
Вазифаи ҳукумати Қирғизистон “сохтани давлати озод, пешрафта ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум аст”, таъкид кардааст роҳбари кишвар
Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар муроиҷиати худ ба мардум ба муносибати солгарди инқилоби “Гули лола” ваъда кардааст, ки намегузорад дар ҳукумати кишвараш идоракунии авлодию оилавӣ ба амал биёяд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии роҳбари кишвар.
“Ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомеа бояд аз ҳодисаҳои Аксий, инқилобҳои Мартию Апрелӣ дарси ибрат гиранд, мо ҳеҷ гоҳ ба ҳокимияти оилавӣ ва қавмӣ дар кишвар роҳ намедиҳем”, - гуфтааст Жээнбеков.
Раисҷумҳури аввали Қирғизистон Аскар Акаев роҳбарияти давлатро аз солҳои 1990 бар уҳда дошт. Вай дар натиҷаи инқилоби “гули лола” 24 марти соли 2005 кишварашро тарк кард. Сабаби сарнагун кардани он аз ҳукумат аз тарафи халқи худ ин дахолатҳои аъзои оилаи ӯ дар ҳокимияти кишвар ва қарор доштани онҳо дар мансабҳои баланди давлати дониста мешавад.
Соли 2010 дар натиҷаи инқилоби Апрелӣ Қурманбек Боқиев президенти дигари Қирғизистон кишварашро тарк кард. Сабаби гурехтани ӯ низ аз кишвар ҷалб кардани авлоди худ ба мансабҳои давлатӣ дониста мешавад.
Ба гуфтаи Жээнбеков “24 марти соли 2005 – яке аз саҳифаҳои равшан дар таърихи муқобилияти мардуми қирғиз бар зидди ҳокимияти авлодию оилавӣ баҳри бунёди давлати озод ва ҷомеаи бо адолат ба шумор меравад”.
Роҳбари Қазоқистон қайд кардааст, ҳодисаҳои моҳи марти соли 2005 руҳияи озоду қавии мардуми қирғизро исбот кард.
Комментарии (0)