Наврӯзи ироқиҳо сиёҳ шуд: дар кишвар се рӯз азо эълон гардид
Дар Ироқ дар рӯзи Наврӯз дар пайи ғарй шудани қаиқи истироҳатӣ бештар аз сад нафар, аз ҷумла кӯдакону занони зиёде ҳало шуданд
Дар паи ҷон бохтани даҳҳо нафар аз мардуми Ироқ бар асари вожгун шудани қайиқи тафриҳӣ дар рӯди Диҷла дар саросари ин кшвар се рӯз азои умумӣ эълом шуд, хабар медиҳад "Парс тудэй".
Ба иттилои манбаъ, рӯзи панҷшанбе 21 март бар асари ғарқ шудани як қайиқи тафриҳӣ дар рӯди Диҷла дар минтақаи Алғоботи наздики Мусил ҳудуди бештар аз сад нафар аз ҷумла шумори зиёде зану кудаки ироқӣ ҷон бохтанд.
Бинобар эъломи телевизиони давлатии Ироқ сарнишинони ин қайиқ дар ҷараёни ҷашни наврӯзӣ дар шаҳри Мусил савори он шуда буданд.
Ба гуфтаи Аҳмад Алҷабурӣ, муовини устондори Найнаво киштии вожгуншуда дар Диҷла 287 мусофир дошт, ки бештари онон зану кӯдак буданд.
Алҷабурӣ афзуд, дурбинҳои насбшуда дар ҷазираи гардишгарӣ нишон медиҳад, ки ин каштӣ ҳомили 103 зан, 98 кудак ва 86 мард буд.
Ин дар ҳолест, ки зарфияти каштӣ, ки ба далели изофаи бор вожгун шуд, ҳудуди 50 нафар эълом шудааст.
Нахуствазири Ироқ низ эълом кард 55 нафар аз ин ҳодиса наҷот ёфтаанд.
Комментарии (0)