Дастури раисҷумҳур барои зиёд кардани маош

Дастури раисҷумҳур барои зиёд кардани маош
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дастур дода, ки замони зиёд кардани маоши кормандони буҷавӣ аз 1 июл ба 1 июн оварда шавад

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дастур дода, ки ҳарчӣ зудтар маоши кормандони буҷавӣ зиёд карда шавад.

"Ба ҳукумат фармон додам, ки замони боло бурдани маоши кормандони буҷавиро аз 1 июл ба 1 июн оранд. Ин қарор мутлақан ба зиндагии беш аз як миллион кормандони буҷавӣ ва хизматчиёни давлатӣ таъсир хоҳад кард",-навиштааст Тоқаев дар саҳифааш дар Twitter.
Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 март истеъфо дод. Ба ҷои ӯ раиси сенат Қосим Ҷомарт Тоқаев президенти кишвар шуд. Ӯ то соли 2020 раҳбари ҳукумат хоҳад буд. Тоқаев рӯзи чоршанбе савганд ёд кард.

Авохири моҳи феврал, Нурсултон Назарбоев дар маҷлиси ҳизби "Нур Отан" дар бораи баланд бардоштани маоши кормандони буҷавӣ қарор содир карда буд.

Ӯ дастур дод, ки аз 1 июли соли 2019 маоши кормандони буҷавӣ то 30 дарсад ва музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ то 25 дарсад боло бурда шавад.

Ҳамон замон хабар дода шуд, ки ба ин мақсад дар солҳои 2019-2021 наздики 980 миллиар тенге (2,6 миллиард доллар) ҷудо шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий