22 сол ҳукми зиндони фарзанди нохалаф барои қатли Модар (2 Видео)

22 сол ҳукми зиндони фарзанди нохалаф барои қатли Модар (2 Видео)
Додгоҳи шаҳри Душанбе сокини 35-солаи пойтахт Усмонов Дилшод Ҳакимовичро барои одамкушӣ ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Ваҳшати ин ҷинояти гӯшношунид дар он аст, ки Дилшод Усмонов кадоми одами бегонаро не, балки модари худашро куштааст. Ин фарзанди нохалаф шоми 29 сентябр дар ҳолати мастӣ ба хона баргашта, модари 62-солаашро, ки мехост фарзандашро насиҳат карда, аз ин роҳи бад баргардонад, 11 зарбаи корд задааст. Модар бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи "Сипар – Ахбори ВКД” хабар дод, ки Усмонов Дилшод Ҳакимович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе бо ҳукми додгоҳи пойтахт бар асоси қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ ба 22 соли зиндон маҳкум шуд.
Бар асоси маводи ин парвандаи гӯшношунид, Дилшод Усмонов санаи 29 сентябр, тақрибан соати 19-и шом, вақте дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон бармегардад, насиҳатҳои модарро баракс қабул карда, нахуст модарашро дашномҳо қабеҳ додаву шаъну шараф ва иззату эҳтироми модарро поймол кардааст.
Муаллиф мегӯяд, "дар рафти муноқиша дар ниҳоди Усмонов Дилшод қасди куштори модар пайдо шуда, ӯ аз болои мизи ошхонаи манзили истиқоматиашон корди хоҷагиро гирифта, ба тарафи модараш ҳамла мекунад ва бо бераҳмии махсус 11 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими модар зарбаҳои пайдарҳам зада, бо сангдилии махсус ӯро ба қатл расонидааст.”
ВКД мегӯяд, дар рафти тафтиш "муайян карда шуд, ки сабаби асосии ин муноқиша, ки оқибат ба куштор анҷомид, аз як ҷиҳат агар аз ҳад зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ бошад, аз ҷониби дигар, нишондиҳандаи сатҳи ниҳоят пасти маърифати инсонии маҳкумшуда мебошад.”
Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе, Дилшод Усмонов 22 сол ҳукмашро дар зиндони низомаш сахт бояд адо кунад.
Дар ҳамин нашри барномаи "Сипар-Ахбори ВКД” ҳамчунин дар бораи боз як чунин парвандаи пурсарусадои куштори оилавӣ гузориш дода шуд. Додгоҳи шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) сокини ноҳияи Рӯдакӣ Раҳмонов Қурбоналӣ бо ҷурми одамкушӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард.
ВКД гуфт, Раҳмонов Қурбоналӣ, ки муваққатан дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекард, рӯзи 22 июн дар бозори Бохтар ҳамсари худ Бибизиёдамоҳ Мӯҳсиддиноваро аз ҳиссиёти рашк ва бо ин гумон, ки ҳамсараш гӯё ба ӯ хиёнат мекунад, куштааст. Бибизиёдамоҳ дар яке аз дӯконҳои бозори шаҳри Бохтар ба ҳайси пешхидмат кор мекард ва Қурбоналӣ Раҳмонов ӯро дар дохили як ошхонаи хӯрокҳои зудтайёр дар пеши чашми мардум бо корд ба қатл расонд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий